Оғози парванда алайҳи Боқиева барои азхудкунии миллион сомонии нафақахӯрон

Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зарина Боқиева, собиқ мансабдори Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии кишвар хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Боқиева Зарина Ҷамахоновна, дар вазифаи муовини сардори Раёсат ва сардори шуъбаи таъиноти нафақаи раёсати Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе кор карда, тариқи сохтакорӣ аз номи нафақахӯрон беш аз як миллион сомонӣ маблағро аз худ намудааст.

Парвандаи ҷиноии Мираков, мансабдори “Барқи тоҷик”: 96% пули барқро аз худ кардаст

Боқиева дар давоми фаъолияти кориаш - солҳои 2016-2018 ва 4 моҳи аввали соли 2019 бо роҳи сохтакорона тартиб додани ҳуҷҷатҳои нафақавӣ бо истифода аз 49 ному насаб ва 21 рақами асноди нафақавӣ дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 1 миллиону 423 сомонӣ маблағи буҷаро тасарраф кардааст.

Манбаъ афзуд, ки аз худкунии маблағҳо ба воситаи 11 адад корти бонкии нафақавӣ ва 49 ному насаб сурат гирифтааст. 

Феълан алайҳи Боқиева Зарина Ҷамахоновна ва дигарон бо моддаи 245 – азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, моддаи 323 – сохтакории хизматӣ, моддаи 340 - барои сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мӯҳр ва бланкаҳои қалбакӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Ожонс таъкид намудааст, ки маблағи 1 миллиону 422 ҳазор сомонии тасарруфгардидаи буҷа пурра ба давлат барқарор шуда, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад. Назари худи Зарина Боқиева феълан дар бораи ин иттиҳом маълум нест.