Ёддошт имзо шуд: Ҷопон роҳи Душанбе-Бохтарро таҷдид мекунад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз таҷдиди роҳи Душанбе - бохтар хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Гуфта мешавад, ки дар ин росто, имрӯз 29 август вазири корҳои хориҷии тоҷикистон бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дидор кардааст.

Вазорати нақлиёт: шоҳроҳи Душанбе - Бохтар ва чанд роҳи дигар пулакӣ мешавад

Бино ба гузоиши ВУХ Тоҷикистон, маросими мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оид ба тарҳҳои "Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар" (марҳилаи якум, корҳои лоиҳакашӣ) имрӯз дар Вазорати мазкур баргузор шудааст.

Нигаронии Расулзода аз кунд будани раванди бозсозии роҳи Душанбе-Бохтар

Ҳамчунин дар назар аст, ки "Таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар, қитъаи Қизилқалъа-Бохтар" (марҳилаи дуюм, корҳои сохтмонӣ) низ оғоз шавад.

Расулзода: навсозии роҳи “Душанбе-Бохтар”-ро вусъат бахшеду, онро бо сифати баланд супоред

Манбаъ афзуда, ки Ёддоштҳои табодулӣ аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока имзо шуд.