ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Интизор меравад аз 16 то 21 сентябри соли ҷорӣ дар размоишгоҳи Русия аз 7 кишвари ҷаҳон сарбозону афсарон барои тамрини низомӣ ба майдон гирд оянд.
Бар хабари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Русия, машқҳои низомии муштарак таҳти унвони "Марказ - 2019" бо ҳузури 130 ҳазор сарбозу афсар доир мешавад.
Размоиши муштараки ҳарбии Тоҷикистону Чин дар ВМКБ
Тибқи иттилои манбаъ, дар размоиши низомӣ дар канори Русия воҳидҳои низомии Чин, Покистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат меварданд.
Дар назар аст, машқҳои низомӣ дар майдонҳои набард ё размоишгоҳҳои Донгуз, Тотский ва Арданаки Русия анҷом шуда, дар он беш аз 20 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ ва 600 адад ҳавопаймои ҷангӣ истифода мегардад.
Нахустин размоиши муштараки Тоҷикистону Узбакистон дар моҳи сентябр баргузор мегардад
Зимнан, бояд зикр анумд, ки дар чунин размоиши низомӣ дар соли 2015, ҳудуди 95 ҳазор низомӣ, 7 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ, 170 ҳавопаймо ва 20 киштии ҷангӣ ширкат доштанд.