ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст, ки нахустин ҳоҷиёни кишвар аз тариқи хатсайри Мадина-Хуҷанд субҳи 20-уми август ба Ватан бармегарданд.
“Парвози ин гурӯҳи зоирон аз тариқи ширкати ватании Тоҷик-Эйр дар назар дошта шудааст. Парвоз соати 6 оғоз гардида, интизор меравад, ҳудуди 4 соат идома кунад”, - иттилоъ додааст Афшини Муқим.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки ҳоҷиёни кишвар пас аз бозгашт аз маносики Ҳаҷ ҳаққи баргузории маросиму маъракаҳои пурдабдабаро надоранд.
Аз ҷумла таъкид шуда буд, ҳоҷиёни тоҷик набояд барои ғайр аз аъзои хонаводаи худ зиёфати бозгашт аз Ҳаҷ баргузор кунанд. Инчунин баргузории бархе маросим, ба монанди "Ҳоҷӣ талабон" ва "Ҳоҷи ошӣ" мамнуъ эълом шудааст. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки дар корвони истиқбол аз ҳоҷиён набояд беш аз ду худрав истифода шавад.
Ахиран Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ аз коҳиш ёфтани талабгорони Ҳаҷ хабар дода буд.
Ба гуфтаи вай, солҳои қаблӣ талабгорони сафари Ҳаҷ барои 5-6 сол навбат мепоиданд, аммо ду соли охир ҳатто саҳмияҳои пешниҳодшуда пур намешаванд.
"Дар соли гузашта зиёда аз 6000 квота ҷудо шуда буд, аммо мо 5000 нафар фиристодем, имсол бошад зиёда аз 7000 ҷой ҳаст, аммо бештар аз 5000 раводид гирифтанд", - таъкид намуд Давлатзода.