ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ин бор Мамоян рекорди ҳунарманди номии ҷаҳон Брюс Лиро шикаст.
Варзишкор, мураббӣ ва блогери руссиягӣ, Манвел Мамоян 55 бор дар як дақиқа бо ду ангушт "отжимание" карда, рекорди ҳунарпеша ва устоди ҳунарҳои размӣ Брюс Лиро шикаст.
Ин нишондод дар қиёс бо рекорди Брюс Лӣ се маротиба бештар мебошад.
Зулфи дароз-зебогии духтарро дучанд мекунад: пешниҳод ба рекорди Гиннес - видео
Вале бархе аз корбарон қайд кардаанд, ки усули иҷрои Брюс Лӣ дигар ва мушкилтар буд.
Ҳайбулоев рақиби амрикоияшро дар 10 сония аз пой афтонду рекорд гузошт-видео
Манвел Мамоян чандин бор бо рекордҳои худ дар китоби рекорди Гиннес сабт шудааст. Имсол ӯ қасд дорад бори даҳум номи худро бо рекорди нав вориди китоби Гиннес кунад.