ДУШАНБЕ, 17 авг - Sputnik. Бар асоси радабандии кишварҳои рӯ ба рӯ бо камбуди оби ошомиданӣ, Туркманистон дар рутбаи 16, Узбакистон 25, Қирғизистон 38, Тоҷикистон 51 ва Қазоқистон дар рутбаи 60 қарор доранд, хабар додааст “Парс тудей”.
Дар ин гузориш Қатар, Исроил, Лубнон, Эрон, Урдун, Либия, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Эритрея, Имороти арабӣ, Баҳрайн, Сан Морино, Ҳинд ва Покистон, Туркманистон ва Уммон ба унвони кишварҳои дорои бузургтарин мушкилоти обӣ муаррифӣ шудаанд.
Дар ин рутбабандӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ низ қарор доранд ва Туркманистон дар рутбаи 16, Узбакистон 25, Қирғизистон 38, Тоҷикистон 51 ва Қазоқистон дар рутбаи 60 қарор доранд.
Андрю Стир, раиси “WRI” бо ишора ба натоиҷи мутолеот гуфтаст, мушкилоти марбут ба об бузургтарин буҳрони муосир аст, аммо мақомоти кишварҳои ҷаҳон ба ин масъала таваҷҷуҳ намекунанд. Вай идома дод, авоқиби талхи чунин таҳаввулоте равшан аст, зеро камбуди об мунҷар ба ташдиди ноамнии ғизоӣ, ҷанг, муҳоҷират ва навасоноти молӣ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон низ дастрасӣ ба оби ошомиданӣ аз мушкилоти мубрам арзёбӣ мешавад. Тибқи иттилои расмӣ ҳудуди нисфи сокинони кишвар ба манобеи оби ошомидании тоза дастрасӣ надоранд.