Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати рӯзона 31-36 дараҷаро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар", аз қавли Ожонс.

КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+16 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз ғарб бо гузариш ба самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.