Пас аз супориши Раҳмон: Раҳимзода ба Академияи ВКД рафт

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода барои иҷрои супориши раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи ВКД рафтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Рамазон раҳимзода вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз корҳои ободонӣ дар академияи ВКД боздид кардааст.

Дар ин бора равобити умумии Вазоарти корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар партави дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ дар остонаи таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, рӯзи 15 августи соли 2019 вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз рафти корҳои ободонии Академияи ВКД боздид намуд.

Пас аз супориши Раҳмон: Раҳимзода ба Академияи ВКД рафт

Бино ба гузориши манбаъ, вазир дар паи боздид ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.

"Вазири корҳои дохилӣ бо рафти сохтмони бинои факултети №6 шиносоӣ пайдо намуда, барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавад, пештар Рамазон Раҳимзода ба заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони ВКД рафта, супориш додааст, ки маҳсулоти полезӣ, ки аз заминҳои хоҷагӣ ёрирасон кишт ва ҷамъоварӣ карда шудаанд, барои зимистонгузаронии сарбозони қисмҳои низомӣ дар шароити мусоид захира карда шаванд.