Қарори нави Рустами Эмомалӣ: мӯҳлати ҳаракати мошинҳои боркаш дар Душанбе зиёд шуд

Барои ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе раиси шаҳр қарори наверо ба тасвиб расонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба қарори аз 19 феврали соли 2015 таҳти рақами №113-1, тағйирот ворид кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе.

Тавре манбаъ таъкид намудааст, ба қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаш ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе” таъғирот карда шуд.

Қарори Рустам Эмомалӣ: бунёди роҳи автомобилгард бо паҳноии 40 метр ва 8 хати ҳаракат

Нигаронии Рустам Эмомалӣ аз ҷудошавии оилаҳои ҷавон

Тибқи тағиру иловаҳои мазкур, аз ин ва баъд мошинҳои боркаше, ки беш аз 10 тонн бор мекашонанд, метавонанд дар кӯчаҳои Душанбе аз соати 21:00 то панҷи саҳар ҳаракат намоянд.

Қаблан ҳаракати мошинҳои боркаш дар кӯчаҳои Душанбе баъд аз соати 22:00 то 5 саҳар сурат мегирифт.

Рустам Эмомалӣ дар қароре гуфт, ки кадом кӯчаҳои Душанбе беоб мемонанд

Тибқи қарори мазкур ҳаракати мошинҳои боркаш дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе рӯзона манъ аст.

Инчунин дар қарор қайд шудааст, ки назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа вогузор карда мешавад.