Дар “гармо гармӣ” дуздон дастгир шуданд: ошкори ду ҳолати дуздӣ

Масъулини милитсияи Тоҷикистон хабар доданд, ки ду ҳолати дуздӣ дар “гармо гармӣ” ошкор шуда гумонбарон дастгир шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия як ҷавони 25-сола дар ноҳияи Варзоб ва як марди 48-сола дар ноҳияи Рӯдакиро дастгир намуданд, ки дар дуздӣ гумонбар дониста мешаванд.

Боздошти ду зан барои дуздӣ дар минтақаи истироҳатии "Пайрав" дар Варзоб

Тавре манбаъ хабар додааст, ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб аризаи марди 31-солаи сокини деҳаи Кӯли Ҳавоии ҳамин ноҳия ворид гардид, ки тибқи он рӯзи 13-уми августи соли равон шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиашон даромада, аз он ҷо 22 ҳазору 500-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Се ноболиғ барои дуздӣ дастгир шуданд

Дар натиҷа кормандони милитсия дар “гармо-гармӣ” марди 25-солаи сокини деҳаи Кӯли Ҳавоӣ бо гумони дуздӣ дастгир намуда, далели шайъиро низ пайдо карданд. 

ВУД: даст доштани се ноболиғ дар 8 дуздӣ

Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки ахиран ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи директори корхонаи “Рӯдакӣ-Иншоот” ворид гардидааст, ки рӯзи 15-уми августи соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба амборхонаи бинои навсохтмон, воқеъ дар деҳаи Чимтеппа даромада, аз он ҷо механизмҳои лифт ва 1-адад швейлер, ки арзиши умумиашон 10 ҳазору 300-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

“Кормандони милитсия дар “гармо-гармӣ” марди 48-солаи сокини деҳаи Файзобаи ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд”, - таъкид дошт манбаъ.

Боздошти зани 36-солаи сокини Дарвоз ба иттиҳоми дуздӣ дар Корвон

Инчунин дафтари матбуоти вазорати умури дохила қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаҳо мазкур тафтишот идома дорад.