Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат: КВД “Талко” барҳам мехӯраду ҷамъияти нав ташкил мегардад

Ҳукумати Тоҷикистон барои тағйири сохтори корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминийи тоҷик” – “Талко” қарор қабул кардааст, бар асоси он КВД барҳам мехӯраду ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг - Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон имзо кард, аз 1 ноябри соли равон КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” ба ҷамъияти саҳҳомӣ мубаддал хоҳад шуд. Бар асоси қарор 100 дарсади саҳмияҳои онро давлат соҳиб хоҳад буд.

Супориши Раҳмон: санҷиши ғайринавбатии хазинаи сангу металҳо бо роҳбарии ноиби раиси КДАМ

Инчунин “Алюминсохтмон” низ ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёфта, сад дарсади саҳмияҳои онро ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” соҳибӣ мекунад.

Дар баробари ин Ҳукумат тасмим гирифтааст, ки дар заминаи маркази тиҷоратии “Металлург” маҷмааи меҳмонхона ва табобатгоҳи “Ширкент”, истироҳатгоҳҳои “Қаратоғ”, “Куран”  ва кӯдакистонҳои рақами 9, 10, 11, 12, 14, 16 низ ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ташкил карда шаванд, ки 100 дарсади саҳмияҳои онҳо ба ҶСК “Ширкати алмюминийи тоҷик” тааллуқ хоҳанд дошт.

Бар асоси қарор маҷмӯи чорабиниҳо барои афзоиши самаранокии истеҳсолии ширкати мазкур тайи солҳои 2019 – 2024 низ тасдиқ шуданд.

Маълумот надорем: Ҳикматуллозода дар бораи ба ҷамъияти саҳомӣ табдил ёфтани ТАЛКО

Қаблан хабар дода шуд, ки корхонаи давлатии “China Machinery Engineering Corporation”-и  Чин корхонаи “Талко”-ро бозсозӣ хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур ду сол идома ёфта, харҷи он 545 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳаи мазкур Ширкати Чин тасмим дорад баъд аз бозсозии корхона, истеҳсоли алюминиюмро то 300 ҳазор тон афзоиш диҳад.

China Machinery Engineering Corporation (CMEC)  соли 1978 таъсис ёфта, беш аз 70 дарсади саҳмияҳояш ба давлати Чин тааллуқ дорад.  Моҳи апрели соли равон Жанг Чун, мудири ширкати CMEC, дар изҳороти расмии худ гуфта буд, навсозии корхонаи "Талко" пас аз иҷрои шартҳои муайян сар мешавад, вале мушахассан аз шартҳо ном набурд.