Мақомоти Петербург шумори муҳоҷирони ғайриқонунии Тоҷикистонро эълон кард

Аз аввали соли 2019 додварзҳои шаҳри Санкт-Петербург бо ҳукмҳои додгоҳҳо аз Русия беш аз ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистону Узбакистонро хориҷ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Шаҳрвандони Узбакистон ва Тоҷикистон нисбат ба дигар муҳоҷирони меҳнатие, ки ба шаҳри шаҳри Санкт-Петербург аз кишварҳои мухталиф меоянд,  даст ба қонуншиканиҳо мезадаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти идораи шаҳрии додварзҳои Санкт-Петербурги Русия.

“Бештар даст ба қонуншиканӣ шаҳрвандони Узбакистон (60%) ва  Тоҷикистон (20%) мезананд”, таъкид намудааст манбаъ.

Муовини вазир: муҳоҷират зиёду бозгашт кам шудааст

Шукурҷон Зуҳуров бори аввал ба Қатар сафар мекунад: муҳоҷират баррасӣ мешавад?

Манбаъ қайд намудааст, ки аз аввали соли равон додварзҳои шаҳри Санкт-Петербург бо ҳукмҳои додгоҳҳо беш аз ҳазор муҳоҷири меҳнатиро, ки қавонини ин кишварро нақз карданд, аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд.

Миёни шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон, ки даст ба қонуншиканиҳо заданд, инчунин шаҳрвандони Ҳиндустон, Нигерия, Камерун, Миср ва Алҷазоир низ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамоҳангии Путину Раҳмон дар мавриди муҳоҷират дар Маскав баррасӣ шуд

Масъулини додварзони шаҳри Санкт-Петербург зикр намуданд, ки тақрибан ҳар рӯз додварзон муҳоҷирони меҳнатиро, ки даст ба вайрон кардани қавонин задаанд, тариқи фурудгоҳи “Пулково” аз қаламрави Русия ихроҷ мекунанд.

“Ҳамаи муҳоҷироне, ки аз қаламрави Русия ихроҷ мешаванд, ба мӯҳлати 5 сол дигар наметавонанд  ба хоки ин кишвар ворид шаванд”, - афзуд манбаъ.