ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Ҳавопаймои А-321-и ширкати "Уралский авиалиний" дар наздикии деҳаи Рибинскии канори Жуковский фуруди изтирорӣ анҷом додаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.
Бар хабари манбаъ, ҳавопаймо самти Симферопол парвоз дошт ва бар асари бархӯрдани парранда ба муҳаррики ҳавопаймо он оташ гирифт.
Халабонҳои ин ҳавопаймо маҷбур шуданд дар мобайни киштзор нишасти изтирорӣ намоянд.
Зимнан қайд мешавад, ки оташсӯзиро дар дохили ҳавопаймо дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯш намуданд ва ҳамаи 234 мусофир бо шумули 6 кӯдак ва 4 ҳайати халабонҳо ҷон ба саломат бурданд.
Муайян гардидаст, ки миёни мусофирон талафати ҷонӣ ба қайд гирифта нашудаст ,вале ду нафар мусофир, ки ҷароҳати вазнинтар гирифтанд ба беморхонаи Раменский интиқол дода шуданд.
Дар Фахробод ҳавопаймои "Ан-2" ба садама дучор шуда як сарнишини он ҷон аз даст додаст
Феълан мусофирони ин ҳавопаймо дар киштзори ҷуворимакка қарор доранд ва дар ҷойи ҳодиса 20 гурӯҳи кормандони ёрии таъҷилӣ ва ду чархбол фаъолият мебаранд.
Зимнан хабар дода мешавад, ки ба ҷойи садама гурӯҳи кормандони тафтишотӣ низ сафарбар шудаанд.