Ҳамоиши байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ

Анҷумани байналмилалӣ зери унвони “Нақши расонаҳо дар пешгирии ифротгароии хушунатомез” дар шаҳри Алмато ҷараён дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ҳамоиши мазкур дар заминаи лоиҳаи "Мусоидат ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ" дар шаҳри Алмато аз 14 то 16 август рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои гуногунро ба ҳам овард.

Афзоиши диндорӣ ва коҳиши тарғиби дунявият: генерал Умаров 5 сабаби ифротгароиро ном бурд

Бар асоси иттилоияи баргузоркунандагон, дар анҷуман ба талошҳои миллию минтақавӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ дар Осиёи Марказӣ тариқи густариши имконоти рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус дода мешавад.

“Ҳадаф аз анҷуман – баррасии нақши расонаҳо дар пешгирии ифротгароӣ дар кишварҳои минтақа, табодули таҷрибаҳои муваффақи маҳаллию ҷаҳонӣ ва муаррифии ҳолатҳое мебошад, ки расонаҳои мустақил метавонанд иртибот бо ҷомеа, махсусан ҷавонон, занон, ақаллиятҳои миллию динӣ ва ғайраро таҳким бахшанду ҳамкорӣ кунанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ҳамкории минтақавӣ ва роҳандозии муколамаи сатҳи миллию минтақавӣ заминаи хубе барои ҷустуҷи роҳҳалҳо дар ин бахш хоҳад буд, муътақиданд дастандаркорони ин Анҷуман, ки аз бо дастгирии "Интернюз" ташкил шудааст.

"Дар зиндони Хуҷанд, ки ошӯб сар зад, кормандонаш порагирӣ мекарданд"

Михаил Мункин, президенти Ассотсиатсияи равоншиносон ва равондармонҳои Қирғизистон зимни баррасии нақши иттилоъ ва мушкили ифротгароӣ гуфт, ҳама дар рӯ ба рӯи хабар осебпазир ҳастанд.

“Агар иттилоъ надорем, мағзи мо боз аст. Касе хоҳад шуморо барои коре муътақоид созад, шумо наметавонад дар муқобилаш истодагарӣ намоед. Бинобар ин, дер ё зуд шумо ҳамсуҳбатро бовар мекунед”, - изҳор дошт Мункин.

Баргузории ин ҳамоиш дар ҳолест, ки ҷалби ҷавонони зодаи Осиёи Марказӣ ба ҳаракатҳои тундраву террористӣ ба як мушкили мубрам мубаддал шуда, мақомот мегӯянд, ба далели адами донишҳои динию дунявӣ садҳо ҷавон шомили ҳаракатҳои тундраву террористӣ шудаанд.