Парванда алайҳи ҷавони дуохон барои сӯиистифода аз боварию таклифи шаҳвонӣ-видео

Раёсати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҳабси Мирзоюсуф Нодиров, сокини 35-солаи ноҳияи Мастчоҳ бо иттиҳоми сеҳру ҷодугарӣ ва сӯиистифода аз боварии динии шаҳрвандон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи гузориши раёсати вилоятии ВУД, Нодиров бо сӯиистифода аз боварии динии шаҳрвандон ба дуохонӣ ва ба истиллоҳ гарму хунуккунии муносибатҳо даст задааст.

Ҷодугарӣ дар пойтахт: кашфи “бахткушоӣ”-и ғайриқонунӣ бо қулфу олоти гург (ВИДЕО)

Манбаъ афзуд, сокини мазкур маълумоти динию дунявӣ надошта, ҳадафи аслияш ба даст овардани манфиати молӣ будааст.

“Бештар касалиҳои руҳӣ ва ҷавондухтарҳо муроҷиат мекарданд. Дуо мехондем. Мегуфтанд, бахтамон кушода шавад ё мо тарсидаем”, - изҳор дошт худи муттаҳам дар гузориши ВУД.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид кардаанд, ки айбдоршаванда дар баробари додани тумору ташноб ба як духтари 25-сола таклифи ҳамхобагӣ намудааст.

Манбаъ илова намуд, ки феълан алайҳи Нодиров бар асоси моддаи 142 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ барои сӯиистифода аз боварию эътиқоди динии мардум парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати ӯ чораи пешакӣ дар намуди ҳабс татбиқ гардидааст.

Назари худи Мирзоюсуф Нодиров дар бораи айби эълонкардаи мақомот маълум нест.