Мардуми Тоҷикистон аз Раҳмон Набиев чӣ интизориҳо доштанд? - идома

Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибае, ки Раҳмон Набиев дошт, мардум фикр мекарданд, раисҷумҳури тозаинтихоб вазъро беҳбуд мебахшад, аммо ӯ ба тақсими мансаб ва қасосгирӣ оғоз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Талабшоҳи Салом. Баъд аз пирӯзии Раҳмон Набиев дар интихоботи соли 1991 гумон  мерафт, раисҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон бо он таҷрибае, ки дошт, ҷиддан вориди амал мешавад ва шароитеро, ки қаблан мардум доштанд, бармегардонад.

Ин дар ҳоле буд, ки Тоҷикистон мустақил шуда буд ва сарвари кишвар дигар набояд аз Русия дастури идорӣ мегирифт. Муҳимтарин интизорот он буд, ки Тоҷикистон ҳиссаашро аз ИҶШС соҳиб мешавад. Аммо ин интизорот ба орзуҳо мубаддал шуданд ва раисҷумҳури Тоҷикистон ба тақсими қудрат дар ҳукумат шурӯъ кард.

Дуюми декабри соли 1991 Раҳмон Набиев савганд ёд кард ва дар иҷлоси Шӯрои Олии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаев, мухолифи ашаддии  нерӯҳои демократию исломӣ ба раёсати Шӯрои Олӣ расид.

Усмонов: Раҳмон Набиев натавонист муносибати худро бо аҳзоби сиёсӣ муайян намояд – идома

Сафаралӣ Кенҷаев, ки дар замони маъракаҳои пешазинтихоботӣ раиси ситоди интихоботии Раҳмон Набиев буд, баъди интихобот раисии Шӯрои Олиро соҳиб шуд. Иштибоҳи дигари Раҳмон Набиевро Карим Абдуллов кор накардан болои пешниҳодҳои ҷонибдоронаш медонад. Дигаре аз иштибоҳоти Раҳмон Набиев, ба андешаи Карим Абдулов, таъйини Юлбарс Эгамбердиев ба унвони мудири корҳои Девони Вазирон буд. Раисҷумҳур дар аввал мехост, ки  Ю. Эгамбердиевро раиси Девони Вазирон таъйин кунад, аммо парлумон ризоият надод. Вале бинобар он ки Юлбарс Эгамбердиев дар беҳтар кардани равобити Раҳмон Набиев бо ледирҳои Узбакистон нақши умда дошт, раисҷумҳур наметавонист ба ӯ мансаби поин диҳанд, бинобар ин ӯ мудири корҳои Девони Вузаро таъйин шуд.

 Дар ин зимн дигаре аз таъйиноте, ки онро иштибоҳи Раҳмон Набиев дар ибтидои соли 1992 медонанд, сари қудрат омадани Акбар Мирзоев аст, ҳол он ки бисёриҳо Акбар Мирзоевро лоиқи ин мансаб намедонистанд. Вале ба навиштаи Ҳикматуллоҳ Насриддинов, “аз рӯйи анъана мебоист ҳатман дар ин мансаб (раиси Шӯрои Вазирон-Т.С.) ягон нафар кӯлобӣ кор мекард. Зимнан гурӯҳҳо ҷамъу гирд омада, дуру дароз маслиҳату машварат карданд ва ба хулосае омаданд, ки раиси кумиҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб Акбар Мирзоевро раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кунанд” (Ҳикматуллоҳ Насриддинов, “Таркиш”, саҳ. 151).

Агар ба минтиқи суханҳои Ҳикматуллоҳ Насриддинов таваҷҷуҳ шавад, метавон гуфт, дар ин гуна ҷобабаҷогузории кадрҳо низ ба иштибоҳ роҳ дода шуд, зеро саҳми бадахшиҳову қаротегиниҳо, ки ба қавли муҳаққиқон, раёсати Шӯрои Олӣ буд, аз онҳо гирифта шуд.

Ба навиштаи Ҳикматуллоҳ Насриддинов, баъдтар миёни Раҳмон Набиев ва Акбар Мирзоев ихтилоф пайдо шуда буд. Ҳарчанд Ҳикматуллоҳ Насриддинов дар бораи ихтилофоти раиси вақти Шӯрои Вазирон бо раисҷумҳур иттилои зиёд надодааст, вале Аслиддини Соҳибназар менависад, ки Акбар Мирзоевро аз ночорӣ ба мансаби сарвазирӣ таъйин карданд. Ба қавли ӯ, Акбар Мирзоев дар кишвар шахсияти шинохта набуд. “Раисҷумҳур мехост ҳамтабақаш Қурбон Мирзоалиевро, ки раиси ҳукумати ноҳия буд, сари ин вазифа биёрад..., вале мансаби ишғолкардааш иҷозат намедод, ки яку якбора аз раисии  ноҳия ба вазифаи раиси  Шӯрои Вазирон биёяд” (Аслиддини Соҳибназар, “Субҳи ситоракуш” (китоби дуюм), саҳ. 34).

Баъди ба сари қудрат омадани Раҳмон Набиев истихдоми “худиҳо” идома дошт ва ҳарчанд дар давлати Қаҳҳор Маҳкамов ҳам нафарҳои сазовор буданд, вале зимни пешниҳоди онҳо ба мансабе раисҷумҳури тозаинтихоб истихдоми онҳоро ба таъхир меандохт ва ба ҳамин тарз аз ёд мерафтанд.

Ба ибораи дигар бепарвоии раисҷумҳур дар робита ба ташкили давлати қавӣ эҳсос мешуд, ба ҳадде ки болои коғаз гвардияи миллӣ созмон дод ва ба гуфтаи Сафаралӣ Кенҷаев, ба ҷойи сарбозони Гвардияи миллӣ сарбозони Фирқаи 201-и Русия савганд ёд карданд. Карим Абдулов дар ин замина менависад: “...Додо Мухторович Қосимовро ба Тошканд ва Маскав фиристодем. Таҷрибаи кори раисҷумҳури Русия ва Узбекистонро омӯхт. Аз рӯйи масъалаҳои гуфташуда, таклифҳои худро ба таври дақиқ ба муҳтарам Р. Набиев пешниҳод кардем. “Монед, ман дида мебароям. Боз як бори дигар дида бароед, маслиҳат кунед”,-гуфтанд раис. Бо ҳамин на маслиҳат шуду на кори дигар” (Карим Абдулов, “Роҳи беҳбуд”, саҳ. 62).  

Раҳмон Набиев - раисҷумҳуре, ки як бор интихоб шуд, аммо ду бор "истеъфо" дод

Дар ин зимн Нарзулло Дӯстов, ноиби раёсатҷумҳурӣ дар соли 1992 менависад, ки Раҳимҷон Ғафуров, вазири вақти сохтмони деҳоти Тоҷикистон дар тасмимгириҳои Раҳмон Набиев ба унвони раисҷумҳур нақши калидӣ дошт. “...Раҳмон Набиев зимни ҳалли тамоми корҳои масъули давлатӣ бо вазири ҳамонвақтаи сохтмони деҳот Раҳимҷон Ғафуров машварат мекард. Дар таъйин намудан, аз кор озод намудани кадрҳо, қабули фармонҳои муҳими давлатию ҳукуматӣ ӯ ба президент маслиҳат медод ва сардори давлат ҳам мувофиқи маслиҳати ӯ амал мекард (Нарзулло Дӯстов, “Захм бар ҷисми Ватан”, саҳ. 263).

Гузашта аз ин Ҳизби коммунистӣ дар моҳи январ иҷозаи фаъолият ба даст овард, ки боиси таҷаммӯи мардум шуд. Аввалин тазоҳуроти мардумӣ дар мухолифат бо иҷозаи фаъолияти ҲКТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор  шуд.

Ин гуна тағйирот дар сиёсат аз он дарак медод, ки Раҳмон Набиев натавонист манфиатҳои нерӯҳои сиёсиро ба таври баробар таъмин кунад. Албатта, манзур ин нест, ки барқарор накардани ҳуқуқҳои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон маънои таъмини манфиатҳоро дошт, балки манзур шеваи кор, ҳалли решаии масъала аст, ки раисҷумҳури тозаинтихобшуда ба он даст наёфт. Яъне бидуни муросо бо нерӯҳои мухолиф ҳуқуқҳои ҲК  барқарор шуданд ва ин маънои онро дошт, ки вазъи сиёсӣ ба ҳолати қабл аз сентябри соли 1991 бармегардад.

Мардуми Тоҷикистон аз Раҳмон Набиев чӣ интизориҳо доштанд? - идома

Бинобар ин дар натиҷаи 40 рӯзи фаъолияти раисҷумҳури Тоҷикистон аллакай сиёсати пешгирифтаи ӯ ба мухолифат дучор шуд. 12 январ дар шаҳри Душанбе аввалин бор дар соли 1992 тазоҳурот баргузор гашт, ки муътаризон иқдомоти раисҷумҳурро дар робита ба таъйини “раисони кумиҷроия, ғасби садо ва симо, эҳёи Ҳизби коммунист, кӯшиши ҳифз намудани сохтори куҳнаи идорӣ ва ғайра” (Бӯрӣ Карим, “Фарёди солҳо”, саҳ.384) нодуруст унвон  карданд.

Карим Абдулов, ки мегӯяд, дар ташкили ин тазоҳурот Ҳизби демократи Тоҷикистон даст дошт, талаби муътаризинро ба ин гуна ба қалам додааст: “Имрӯзҳо дар Тоҷикистон ба тамоми маънӣ диктотура, қувваҳое, ки мехоҳанд режими тоталитариро аз нав зинда гардонанд, зуҳур карда истодаанд. Маҳдуд кардани фаъолияти сиёсии гурӯҳҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон, ҳаққу ҳуқуқи онҳо, таъқиби нерӯҳои демократӣ дар Қумсангир, Қӯрғонтеппа, Ванҷ, Файзобод, Фархор, Зафаробод, Ғончӣ, Хоруғ ва ғайра ба тасарруфи раисҷумҳур даровардани Кумитаи радио ва телевизион, рӯирост ва аҳдшиканона вайрон намудани шартномаи 6 октябр, қонуншиканиҳо дар рӯзи 23 сенятбр ва дар маъракаи интихоби раисҷумҳур, аз рӯйи садоқати шахсӣ ва манфиати гурӯҳӣ таъйин кардани роҳбарон ин кори ошкори нерӯҳои оппозитсионӣ ва ғайраю ҳоказо гувоҳи равшан мебошанд” (Карим Абдулов, “Роҳи беҳбуд”, саҳ. 76).

Раҳмон гуфт, ҷонибдори бардоштани ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ нест ва шарҳ дод чаро

Боло бурдани ҳадди ақали маош (340 сӯм буд), бекор кардани қарори Шӯрои Олӣ дар бораи таъйини руасои навоҳӣ аз ҷониби раисҷумҳур, истеъфои Атахон Сайфуллоев, раиси Кумитаи садо ва симо ва истеъфои Нуруллоҳ Ҳувайдуллоев, додситони кул, изҳори нобоварӣ ба С. Шаропов, додситони шаҳри Душанбе аз дигар талаботи онҳо буд. Қисме аз ин талаботи мардумро мудири котиботи Раҳмон Набиев ҷолиби диққату қобили баррасӣ, вале қисми дигарро ғайриқонунию муғризона гуфтааст. Зимнан котиботи раёсатҷумҳур бо овардани далоиле талаботи муътаризинро рад кардааст.

Р. Набиев: Сафаралӣ бачаҳои Кӯлобро гаранг кард

Сангинтарин рӯзҳои раёсатҷумҳурии Раҳмон Набиев баъди Наврӯзи соли 1992 оғоз шуданд. Ин воқеот, ахиран мунҷар ба аз сари қудрат рафтани иддае аз ҳомиёни Раҳмон Набиев дар солҳои 1990-1991 шуд. Агар онҳо дар соли 1992 ба мисли солҳои 1990-1991 Раҳмон Набиевро дастгирӣ мекарданд, на танҳо ӯ сари қудрат боқӣ мемонд, балки шояд Тоҷикистон ҳам ба гирдоби ҷанги 5-сола намепечид.

Дуруст аст, ки муҳокимаи Муҳаммадаёз Навҷувонов, вазири вақти умури дохилиро дар парлумон муҳаққиқон дар аксар маврид оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон унвон мекунанд. 26-уми марти соли 1992 қисме аз ҳамшаҳриҳои вазири вақти умури дохилӣ ба манзури ҳимоят аз ӯ ба майдон омаданд, вале вақте нерӯҳои мухолифи вақт, ҲНИТ, ҲДТ, созмонҳои “Растохез” ба онҳо пайвастанду норизоиятии худро аз рафтори Сафаралӣ Кенҷаев нисбат ба Навҷувонов ва ҳарфҳои аввалӣ дар ин иҷлос иброз карданд, кор аз кор гузашт. Агар ба баррасии воқеоти он шабу рӯз, аллахусус ҷараёни тазоҳуроту баҳсҳо дар атрофи талабҳои мухолифин пардозем, матлаб тӯлонӣ хоҳад шуд. Барои ҳамин бо овардани як нукта дар ин  маврид иктифо мекунем.

Зоҳидӣ: иллати шикасти давлати Сомониён вуҷуди тафриқа ва набуди ваҳдати миллӣ буд

Атобеки Амирбек, раиси “Лаъли Бадахшон” тайи як суҳбаташ бо банда дар соли 2012 гуфта буд, ки “аз аввал то охири гирдиҳамоиҳо агар Сафаралӣ Кенҷаев ақаллан як маротиба назди мардум баромада мегуфт, ки «ман ҳамон вақт дар телевизион нодуруст баромад кардам, мебахшед», ҷараёни гирдиҳамоӣ дигар мешуд. Аммо Сафаралӣ Кенҷаев на он ки чунин накард, балки гуфт, “ман аз сари мансаб меравам, вале аз мардум узр намехоҳам”.

Хулоса, мавзеъгирии Сафаралӣ Кенҷаев мунҷар ба он шуд, ки муътазирон муваффақ бо тавофуқ бо ҳукумат шаванд ва Сафаралӣ Кенҷаев, раиси вақти Шӯрои Олӣ, нафаре, ки дар соли 1990 дубора Раҳмон Набиевро ба парлумон баргардонда буд, истеъфо дод. Истеъфои ӯро иҷлосияи 13-уми Шӯрои Олӣ дар таърихи 22-юми апрели соли 1992 қабул кард.

Сафаралӣ Кенҷаев дар рӯзҳои аввали гирдиҳамоӣ намехост истеъфо бидиҳад. Ӯ дар ёддоштҳояш менависад, ки истеъфояш  ба хотири гаравгон гирифтани 17 нафар вакили парлумон ва муовинони сарварзир буд. Вале ӯ бо вуҷуди ин ки баъд аз истеъфояш аз раисии парлумон раиси КАМ таъйин шуд, ором нагирифт, балки ба муборизааш барои баргаштан ба мансаб идома дод. Як рӯз баъд аз истеъфои С. Кенҷаев дар майдони Ленини шаҳри Кӯлоб гирдиҳамоии ҷонибдорони раиси Шӯрои Олӣ оғоз ёфт.

Таърихи истиқлол: Тоҷикистон чӣ гуна мустақил шуд

Ду рӯз баъд ин издиҳоми муътаризон ба Душанбе расид. Онҳоро Сафаралӣ Кенҷаев ва Нарзулло Дӯстов пешвоз гирифтанд. “Сафаралӣ бачаҳои Кӯлобро гаранг кард. Онҳоро ба Душанбе овард. Ман аз вай ин хел умед надоштам. Ту ӯро насиҳат накардӣ, Аслиддин. Ман ба вай бовар карда, мансаб дода будам. Раиси Кумитаи бехатарӣ шуда буд. Акбар ҳам ин рафторро дастгирӣ кард. Пас чаро онҳо ба Кӯлоб сим зада, мардумро ҷамъ кардаанд?»,-менависад Аслиддин Соҳибназаров бо ёдоварӣ аз суҳбаташ бо Р. Набиев. Вале Нарзуллоҳ Дӯстов менависад, ки омадани мардуми Кӯлоб ба Душанбе бо Раҳмон Набиев маслиҳат шуда буд, ҳарчанд ба қавли Дӯстов, худи ӯ розӣ набуд, ки мардуми Кӯлоб барои тазоҳурот ба Душанбе биёянд. “Раҳмон Набиев гуфт, ки роҳбарони Кӯлоб ба ӯ телефон кардаанду аз ҳама тафсилоти омадани гирдиҳамомадгони Кӯлоб огаҳ аст. Шумо ба ин масъала кордор набошед... охир, аз нозукиҳои вазъияти ин ҷо (Душанбе-Т.С.) хабар доред-ку” (Нарзулло Дӯстов, “Захм бар ҷисми Ватан”, саҳ. 214).

идома дорад...