Бунёди туркӣ ба 600 хонаводаи Тоҷикистон гӯшти қурбони тақсмим кард

Бунёди “Ҳамёриҳои башарии Туркия” миёни 600 оилаҳои ниёзманди Тоҷикистон дар атрофи шаҳри Душанбе, гушти 10 чорвои қурбониро тақсим кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Бунёди “Ҳамёриҳои башарии Туркия” (i̇hh), дар нахустин рӯзи Иди саиди Қурбон гушти қурбонии 10 чорвои қурбониро миёни 600 хонаводаи ниёзманди Тоҷикистон дар минтақаи Ваҳдат, наздикии шаҳри Душанбе, тақсим кард иттилоъ додааст хабаргузории Parstoday.

Қурбонӣ дар Иди қурбон ва 5 аркони ислом

Бунёди “Ҳамёриҳои башарии Туркия” (i̇hh) ба унвони яке аз фаъолтарин ва муассиртарин бунёдҳо ва ниҳодҳои башардӯстонаи Туркия ба ҳисоб меравад

Ҷамшеди Сафаралӣ, мудири анҷумани хайрияи “Сабо”-и Тоҷикистон дар ин замина изҳор дошт, ки  анҷумани мазкур соли 2016 барои фаъолият дар заминаи кумакҳои инсонӣ таъсис шуд. Бо муассисаҳои мухталиф дар дигар кишварҳо барои кумак ба мардуми Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем.

Гӯсфанди гурезпои қурбонӣ дар роҳ ба сӯи масҷид мардуми Санкт-Петербургро тарсонд

“Дар ин росто бо бунёди “Ҳамёриҳои башарии Туркия” барои барномаи тақсими гушти қурбонӣ дар рӯзи Ид иқдом кардем”, - таъкид доштааст вай.

Инчунин вай гуфт, ахиран миёни ҳудуди 600 хонавода гушт тақсим шуд.

“Аз мардуми Туркия бобати ин иқдом бисёр ташаккур мекунем. Умедворем ҳамкории мо бо муассисаҳои Туркия дар оянда афзоиш ёбад”, - зикр намуд Ҷамшеди Сафаралӣ мудири анҷумани хайрияи “Сабо”.