ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Шуъбаи филмҳои аниматсионии "Тоҷикфилм" то охири сол барои кӯдакони синни томактабӣ филми тасвирии пурраи "Алифбо" -ро истеҳсол менамояд, хабар додааст "Ховар" бо такя ба масъулини ин ниҳод.
Манбаъ афзуд, филми мазкур баъд аз омодагӣ, тартиби ҷузъиёт ва сохтани персонажҳо дар марҳилаи сохтани аниматсия қарор дорад.
"Барои офаридани филми мазкур беш аз 20 нафар мутахассисони варзида фаъолият доранд. Филм аз рғйи сенарияи Умеда Раҳимова бо коргардонии Фирдавс Насруллозода таҳия мегардад. Барои овоз ва дубляжи филми аниматсионии «Алифбо» ҳунармандони театру кино даъват карда мешаванд", - омадааст дар иттилоия.
Ахиран Носир Раҳмон, мудири "Тоҷикфилм" зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ба хабарнигорон гуфт, рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ рӯзҳои кинои Русия, Олмон, Фаронса ва Олмон баргузор мешавад.
Ӯ афзуд, ки меморандуми ҳамкорӣ бо Агентии миллии “Ӯзбеккино” ва моҳи июни соли равон созишномаи ҳамкорӣ бо кинематографистони Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.
Носир Раҳмон иттилоъ дод, ки дар доираи татбиқи “Барномаи рушди кино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” заминаи моддиву техникии муассиса боз ҳам такмил ёфта, таҷҳизоту воситаҳои муосири наворбардорию филмофарӣ таъмин гардиданд.