ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бар асоси тағйиру иловаҳо ба банди 119- и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз авоили моҳи август ҷазо нисбати беморони мубталои касалиҳои сироятӣ, ки хоҳиши аз муоинаи тиббӣ ва гирифтани табобат сарпечӣ мекунанд ҷазои сангинтар пешбинӣ мешавад.
Бар хабари манбаъ, беморони мубталои сил ва вируси норасоии масунияти бадан, дар сурати ба хоҳиши худ ба табобат фаро гирифта нашудан аз 1100 то 1650 сомонӣ ҷаримабандӣ мешаванд.
Соли 2017 беморони силро дар ҶТ бо доруи амрикоӣ табобат мекунанд
Дар банди 119 - уми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ омадааст, ки ба беморон, барои саркашӣ кардан аз муоинаи ҳатмии тиббӣ ва муолиҷаи профилактикии вируси норасоии масунияти одам ва дигар бемориҳои сирояткунанда сарфи назар аз огоҳии мақомоти тиббӣ, ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Амали хайр: китобдорон дар Кӯлоб фитри рӯзаашонро ба кӯдакони бемори сил бурданд
Бино бар омори охирин дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор гифритори ВМНО ва ҳудуди 10 ҳазор мубталои бемории сил сабт шудаанд.