Дар Русия ба ду шаҳрванди ҷавони тоҷик 20 соли ҳабс таҳдид мекунад

Дар Русия ду шаҳрванди 23 ва 26 - солаи Тоҷикистон барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 20 соли ҳабс маҳкум шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бар хабари расонаҳои вилояти Пензаи Русия, кормандони милитсия ду нафарро ба иттиҳоми фурӯши маводи мухаддири героин боздошт намуданд.

Дар Брянск муҳоҷири тоҷик ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуд

Дар ҷараёни тафтишот маълум гардид, ки боздоштшудаҳо: духтари 26 - сола ва ҷавони 23 - солаи шаҳрванди Тоҷикистон буда, аз моҳи май то августи соли равон ба фурӯши маводи мухаддир машғул будаанд.

Баҳриддин Давлатов маводи нашаъадорро ба донишҷӯён фурӯхта, мехост пул кор кунад...

Ҳангоми тафтиши маҳали истиқомати ин ду нафар 139 бастаи героин кашф ва мусодира шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД Русия дар вилояти Пенза, дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Наҷӯед: 40 ҳазор доллар пора барои халосии саркардаҳои нашъаҷаллобон - видео

Дар сурати собит шудани айбномаи воридшуда ин ду ҷавон ба муддати то 20 сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.