ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати маорифи Тоҷикистон, ахиран вохӯрии Саид Нуриддин, вазири маориф ва илм кишвар бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири навтаъйини Эрон дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тарафҳо аз ҳамкориҳои судманду ҷойдошта дар самти маориф ва илм ибрози андеша намуданд.
Зимни мулоқот Муҳаммадтақӣ Собирӣ таъкид доштааст, ки сафорати Эрон дар Тоҷикистон омода аст, ки дар самти табодули донишҷӯён, ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни ду кишвар, дифои рисолаҳои унвонҷӯёну муҳаққиқони эронӣ дар Шӯроҳои дифои Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон, табодули таҷрибаи олимону профессорон, баргузор кардани ҳамоишҳои илмию фарҳангии муштарак ҳамкориҳоро ба роҳ монад.
Талоши Эрон барои тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ
Инчунин сафири Эрон қайд намудааст, ки кишвараш омода аст барои таҳия ва чопи китобҳои дарсӣ, таҳсилоти инклюзивӣ ва дигар масоили мубрам ҳамкориҳоро ҳамаҷонибаро ба роҳ монад.
Дар навбати худ, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид иброз дошт, ки барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо тамоми асноди меъёрии ҳуқуқӣ коркард шудааст ва он дар доираи созишномаҳои баимзорасида ба роҳ монда мешавад.
Эрон омода аст Тоҷикистонро сармоягузорӣ кунад
“Хуб мебуд, ки бештар табодули донишҷӯён дар риштаву ихтисосҳое ба роҳ монда шавад, ки аз рӯйи он ихтисосҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассис омода карда намешаванд ва ҳамзамон, баргузор кардани ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ, табодули таҷрибаи олимону профессорон, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ба мақсад мувофиқ аст”, - зикр намудааст Нуриддин Саид.
Дар охири мулоқот, тарафҳо ибрози назар намуданд, ки барои вусъат ёфтани ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар самти маориф ва илм тамоми чораҳо андешида хоҳад шуд.