ТАШКЕНТ, 13 авг — Sputnik. Роҳбари Хадамоти амнияти федеролии Русия Александр Бортников ҳушдор додааст, ки гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ бар он саъй доранд, то донишҷӯёни хориҷе, ки дар Русия таҳсил мекунанд, барои ҷалб намудан ба гурӯҳҳои худ аз ҳар васила кор мегиранд.
СММ: дар ҳафт сол ба узвияти ДОИШ 1,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шомил шудаст
Ба гуфтаи ӯ қаблан гурӯҳҳои террористӣ, дар маҷмӯъ ба мағзшуйии муҳоҷирони меҳнатӣ машғул буданд, алъон бошад сайди онҳо донишҷуёне, ки дар Русия таҳсил мекунанд, интихоб гардиданд.
"Эмисарҳои ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ҳамоно ба идомаи ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ва аллалхусус донишҷӯён ба сафи гурӯҳҳои худ машғул ҳастанд, - изҳор намудаст Бортников дар ҷаласаи Кумитаи миллии зидди террористӣ".
Роҳбари ХАФ Русия зикр кард, ки барои гирифтани пеши роҳи паҳншавии рӯҳияи террористӣ миёни муҳоҷирони корӣ чораҳои нав ба нав бояд андешида шаванд ва вазъият таъти назорати қатъӣ қарор гирифта шавад.
Қаблан Бортников дар як конфронси мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ гуфта буд, ки силоҳбадастон, филмҳои тасвирӣ ва расмҳои матндори дорои мундариҷаи мазҳабӣро истифода бурда, кӯшиш мекунанд, ки шумораи бештари шунавандагонро ба даст оранд.
Ба гуфтаи вай, айни замон зиёда аз даҳ ҳазор сомонаҳои қариб тамоми сохторҳои мавҷудаи созмонҳои террористӣ мавҷуданд. Ғайр аз ин, садҳо ҳазор саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз шудаанд, ки маводҳои онҳо ба зиёда аз 40 забони ҷаҳон нашр карда мешаванд.