Порошенкаро дар Украина тухмшапак карданд

Собиқ президенти Украина Петр Порошенко рӯзи душанбе дар Бюрои тафтишоти давлатӣ, барои бозпурсӣ омада буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Пас аз бозпурсӣ дар Бюрои тафтишотии давлатӣ дар Украина, президенти собиқи ин кишварро шахсони номаълум тухмборон карданд.

Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки тухм на танҳо ба сару рӯи собиқ раисиҷумҳур, балки ба рӯзноманигорон ва кормандони пулис низ расидааст.

Маълум шуд, Зеленский дар курсии президентӣ чӣ қадар музд мегирад

Бино ба иттилои манбаъ, бозпурсии Порошенка ба саркашӣ аз пардохти андоз зимни харидории шабакаи "Прямой" рабт дошта, се соат идома кардааст.

Пас аз бозпурсӣ Порошенко каме бо рӯзноманигорон суҳбат кардааст.

Ҳимоятгари собиқ президент Игор Глован гуфтааст, ки Порошенко аз рӯи се парванда ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мешавад. Имрӯз боз як парвандаи дигар зам шудааст.

Зеленский гуфт, киро ба курсии сарвазирӣ сазовор медонад

Мудири Бюрои тафтишотии Украина, Роман Трубо, пештар дар шабакаи Telegram хабар дод, ки нисбати Порошенко ва дигар мансабдорони баландпоя 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар навбати худ Юрий Лутсенко, прокурори генералии Украина гуфта буд, ки Порошенко аз рӯи ҳамаи парвандаҳо ба сифати шоҳид бозпурсӣ мешавад.

Худи Порошенко гуфта буд, ки пеши мардуми Украина масъулият дорад ва аз тафтишот ҳарос надорад.