Милисаҳо дар Иди Қурбон гӯштро ройгон ва тарбузро 40 фоиз арзонтар гирифтанд

Бо дастгирии роҳбарияти ВКД ба кормандони мақомоти қудратӣ каду, карам, ангур, олуболу ва гӯшт ройгон дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Ба муносибати Иди Қурбон дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ, барои кормандони мақомоти қудратӣ, ярмаркаи маводи хӯрока бо иштироки хоҷагиҳои ёрирасон доир гардидааст.

Кадом дастархонро ҷарима мекунанд: "рейд" - и идгардак дар Душанбе

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар ярмаркаи мазкур хоҷагиҳои ёрирасон аз ноҳияҳои Панҷакент, Шаҳринав, Спитамен, Исфара, Рӯдакӣ, Хуросон, Бохтар ва ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин дигар корхонаву ширкатҳои дохилӣ маҳсулотҳои худро пешкаш кардаанд.

"Маҳсулот бо нархҳои дастрас аз 30 то 40 фоиз нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш бароварда шуданд", - омадааст дар хабарнома. 

Аз боло гузаред: гузориши аксӣ аз идгардак дар Душанбе

Хоҷагиҳои ёрирасон дар ин чорабинӣ гӯшт, биринҷ, пиёз, тухм, картошка, нахуд, орд, равған, асал, тарбузу харбуза, помидору бодиринг, ҳамагуна шириниҳову мевагиҳо ва дигар маҳсулотҳоро пешкаши харидорон намудаанд.

Ҳамчунин аз ҷониби хоҷагиҳои ёрирасон каду, карам, ангур, олуболу, як килограммӣ гушт ва як қатор маҳсулотҳо ройгон ба мизоҷон дода шуд.

Манбаъ афзуда, ки бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари дастгириву кумак ба ниёзмандону маъюбон, барои ғанӣ гардонидани дастурхони идонаи шаҳрвандону кормандон дар ВКД ва ҷузъу томҳои он ярмаркаи маҳсулоти хӯрока доир мегардад.