Хайри низомиёни пойгоҳи 201 ба оилаҳои серфарзанд бахшида ба Иди Қурбон - акс

Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон бахшида ба Иди Қурбон ба оилаҳои камбизоат дар деҳаи Ганҷина ғизо ва либос додаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Дар саҳифаи фейсбукии пойгоҳи низомии 201-уми Русия хабар дода шудааст, ки дар деҳаи Ганҷина ҳудуди 300 нафар зиндагӣ мекунанд ва низомиён ба бархе аз оилаҳои серфарзанд бахшида ба Иди Қурбон ғизою либос додаанд.

Дар саҳифаи пойгоҳ таъкид шудааст, ки дастгирии ниёзмандон миёни низомиёни Русия дар Тоҷикистон ба анъана табдил ёфтааст.

Дар Тоҷикистон, Иди Қурбон чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон рӯзи якшанбе, 11 август таҷлил шуд.

Аз боло гузаред: гузориши аксӣ аз идгардак дар Душанбе

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад. Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ  барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.