Дар Русия 500 автобуси истеҳсоли Тоҷикистон мавҷуданд

Пойгоҳи омори мошинҳои Русия иттилоъ дод, ки ба ҳолати 1 январи соли равон дар қаламрави кишвар ҳудуди 50 ҳазор автобуси истҳесоли замони шӯравӣ дар гардишанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Автобусҳои навъи "Тоҷикистон", ки солҳои шӯравӣ дар корхонаи Чкаловск истеҳсол шудааст, дар қаламрави Русия ба ҳолати 1 январи соли равон 500 адад боқӣ мондаанд.

Дастури Раҳмон барои истеҳсоли мошинҳои олмониву ҷопонӣ дар Тоҷикистон

Автобусҳои тавлиди замони шӯравӣ феълан 12 дарсади парки автобусҳои ин кишварро ташкил медиҳад, хабар додааст сомонаи "Автостат".

Манбаъ афзудааст, ки ҳудуди 45 дарсади автобусҳои боқимонда аз замони шӯравӣ дар корхонаи Курган истеҳсол шуда, феълан 22 ҳазору 300 "КАВЗ" мавҷуданд.

Инчунин 30% ё 14800 адад автобусҳои боқимондаи навъи “ПАЗ” ва 15 дарсад ё 7500 адад автобусҳои навъи "ЛАЗ" мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки соли равон дар шаҳри Душанбе низ бандубасти автобусҳои мусофирбар оғоз шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти соли равон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли автобусҳо оғози расмӣ бахшиданд.

Президент ва раиси шаҳр дар пойтахт корхонаи истеҳсоли автобусҳоро ифтитоҳ карданд

Сохтмони корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба итмом расонида шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҷамъият ҳамчун ширкати муштарак аз ҷониби ширкати ватании ҶДММ “Авесто Гурӯҳ” ва ширкати тиҷорати туркии “Улишем” таъсис дода шуда, барои расидан ба ҳадафи миллии эълонгардида дар самти саноатикунонии кишвар роҳандозӣ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон иттилоъ дода буданд, ки корхонаи муштарак иқтидори истеҳсолии автобусҳоро дар як сол то 300 адад расонида, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ на кам аз 200 нафар хоҳад шуд.

Ҳаҷми сармоягузорӣ барои бунёд ва ба роҳ мондани хати истеҳсоли воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар 90 миллион сомонӣ арзёбӣ шуда буд.