Роберто Карлоc бо голзанӣ қоидаҳои физикаро вайрон кард - Видео

Голи футболбози бразилиягӣ ҳамагонро чунон шокӣ кард, ки олимон дар ин росто, пажӯҳиш гузарониданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Футболбози легендарӣ Роберто Карлос дубора, тӯбро тавре вориди дарвоза кард, ки ҳамагон шигифтзада шуданд. 

Видеои голзанӣ, дар саҳифаи Instagram - и футболбоз нашр шудаааст.

Маҳз чунин голро Роберто Карлос соли 1997 дар рақобат бо дастаи Фаронса зада буд.

Он замон голи футболбози бразилиягӣ ҳамагонро чунон шокӣ карда буд, ки олмон барои исбот кардани он, ки чӣ гуна ба ӯ даст дод, чунин гол занад, пажӯҳиш гузарониданд.

Марг дар майдон: дарвозабон бо синааш тӯбро баргардонду дар майдон ҳалок шуд - Видео

Ҳамин тавр дар паи таҳқиқоти олимон маълум шуд, ки самти ҳаракати тӯб барои он дигар шуд, ки футболбоз онро бисёр тоб дод.