Путин гуфт, кадом хислатҳои мусалмонон хурсандиоваранд

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мусалмонҳои кишварашро бо Иди Қурбон шодбош гуфта, саҳмашонро дар муколамаи байни миллатҳо ва динҳо таъкид кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кремл, Путин дар паёми шодбошияш изҳори хурсандӣ намудааст, ки мусалмонҳои Русия эҳтиёткорона мероси фарҳангию руҳонии аҷдодашонро ҳифз мекунанд. Ӯ хурсандиовар хондааст, ки мусалмонҳо наслҳои навашонро дар руҳияи арҷгузорӣ ба анъанаю одатҳои аҷдодон тарбия мекунанд.

Иди Қурбон-2019: мафҳум ва анъанаҳои ҷашн

Путин махсусан саҳми мусалмонҳоро дар муколамаи байни миллатҳою динҳо дар Русия зикр намуда, Иди Қурбонро ҷашни муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таҳкими арзишҳо хондааст.

Дар Русия, Иди Қурбон чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон рӯзи якшанбе, 11 август таҷлил мешавад.

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад. Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ  барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.

Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.

Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.