ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Олимон зарари шиками бузург ба мардонро муайян карданд. Дар ин бора "Известия" хабар медиҳад.
Бино ба гуфти пизишкон, чарбе, ки гирди миёни мардон ҷамъ мешавад, ба кори узвҳои ботинӣ зарар мерасонад.
Ин чарбҳо аз худ сафедаеро ҷудо мекунанд, ки боиси рушди диабети қанд мегардад.
Ҳамчунин вазни зиёдатӣ дар қисми миён, метавонад боиси дучор шудан ба бемории дил ва саратон шавад.
Пизишкон ба мардон тавсия медиҳанд, ки бо тадриҷ вазни худро баркашанд ва миёни худро андоза кунанд. Ба гуфти олимон миёни мардони синни миёна на бояд аз 94 сантиметр зиёд бошад.
Олимон хатари марговари нӯшидани чойи гармро муайян карданд
Барои пешгирӣ аз фарбеҳшавӣ ва гирифтор нашудан ба бемориҳои зикршуда, бояд ғизоҳои сабук истеъмол кард.