ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Иштирокчиёни озмуни "Ту беҳтаринӣ!" тибқи нақшаи тарҳрезишуда ба сайри маконҳои тамошобоби шаҳри афсонавӣ - Санкт- Петербург баромаданд.
Ҷавонон бо қаиқ дар рӯди Нева сайр карда, аз пули калон ва Эрмитаж дидан намуданд.
Дар қалъаи Петропавловский бошад, аснои тирандозии анъанавӣ чанде аз иштирокчиён ҳаяҷонзада шуданд.
Зимнан иштирокчиёни озмуни "Ту беҳтаринӣ!" ба гирду атрофи Санкт- Петербург низ ба тамошо баромаданд. Сарояндаҳои ҷавон бо меъмории асримиёнагии Виборг, қасрҳои Петергоф ва Павловский, литсей ва боғҳои Деҳаи Шоҳӣ шинос шуданд.
Албатта овозхонҳои ҷавон ба монанди ситораҳои машҳури Русия талаботи вижа надоштанд, вале онҳоро низ дар сатҳи бисёр баланд пазироӣ намуданд.
Ҷавононро дар як меҳмонхонаи ҷаҳорситорадор ҷой доданд, ки дар канори рӯди Нева ва крейсер "Аврора" макон дорад.
Аммо ин ҷавонони боистеъдод на танҳо барои сайру саёҳат ва меҳмонхонаи боҳашамат ба шаҳри Санкт- Петербург омаданд.
"Аз ҳама муҳим ин муошират аст, - мегӯяд Артём Семёнов. - Барои ман дар Латвия маҳз муошират намерасид. Дар он ҷо ман муаллим надорам ва овозам ҳам сайқал намеёбад".
"Вақте мавсими озмуни овозии "Ту беҳтаринӣ!" ба анҷом расид, маро ғам фаро гирифт, гуфт Сатеник Геворян аз Арманистон. Пас аз ба хона баргаштан, барои истироҳат намудан ба кӯли Севан рафтам. Он ҷо ҳам ҳар боре аз озмун фикр мекардам, ғамгин мешудам ва ҳамаро ёд мекардам. Бисёр мехостам барои истироҳат дар кӯли Севан, дугонаам Соня аз Одессияро даъват кунам. Зеро дар озмун бо ӯ дӯсти пайдо кардем. Дар фикри озмун будам, ки баногоҳ ба ман аз Sputnik занг заданд ва ба тамошои Санкт- Петербург даъват карданд. Шумо намедонед, ки ман чӣ қадр шод шудам!".
Аз ҳама дер намояндаи Тоҷикистон Меҳрона Ғайбуллоева ба Санкт - Петербург расид. Ӯ чаҳор соат бо ҳавопаймо ба Маскав парвоз карду тавассути қатора давоми як шаб ба ин шаҳр расид.
"Ман то охирин лаҳза шубҳа доштам ба ин даъват, бароям боварнокарданӣ буд. Аммо вақте ҳамаи бачаҳоро дидам, хурсандии ман ҳадду канор надошт. Боз ба назди дӯстон омадан, барои ман хушбахтии бузург аст", - изҳор намуд ин ҳунарманди ҷавони тоҷик.
Маврид ба зикр аст, ки Меҳрона ду сол пайи ҳам дар озмуни мусиқии "Ту беҳтаринӣ" ширкат ва ҳунарнамоӣ намуда буд.
Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту Беҳтаринӣ!" аз ҷониби телеканал НТВ ва бунгоҳи байналмилалии иттилоотӣ ва радиои Sputnik ба роҳ монда шудааст.
Озмуни байналмилалии овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" ба кӯдакони боистеъдоде, ки бе нигоҳубин ва бе волидайн мондаанд, имкон медиҳад, аз худ хабар диҳанд ва саҳнаҳои бузургро тасхир кунанд.