Майор 0, 03 грамм “ҳашиш” ошкор намуда, 12 000 сомонӣ пора гирифтааст

Як масъули баландмақоми шӯъбаи милитсияи шаҳри Истаравшан аз шаҳрванд А. Қодиров 0, 03 грамм мухаддироти навъи “ҳашиш” ошкор намуда, дар вақти гирифтани 12 000 сомонӣ пора худаш дасгир шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Раёсати ожонсии мубориза бо фасод дар Суғд, ҳодисаи даст ба порагирӣ бурдани сардори шӯъбаи мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддири ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Р. Турахоновро шарҳ дод.

Ҳолати порагирии ин майори милитсияи шаҳри Истаравшан Р. Турахонов, дар рӯзи 6-уми марти соли ҷорӣ ошкор шудааст.

Пас аз интиқоди тунди Раҳмон: нисбати Шаҳбоз Раҷабзода ягон парванда оғоз нашудааст

Ба иттилоъи Ожонсии мубориза бо коррупсия, ин корманди шӯъбаи милитсияи шаҳри Истаравшан, рӯзи 6-уми март, шаҳрванд А. Қодиров - ро дар ҳудуди Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан бо 0, 03 грамм маводи мухаддири “ҳашиш” дасгир намуда, барои минбаъд аз ҷавобгарӣ озод намудани нафари дасгиршуда 12 000 сомонӣ пора талаб карда, аз ин маблағ 10 000 сомониашро гирифта, талаби овардани боз 2 000 сомониро намудааст.

Худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-тафтишотӣ Р.Турахонов, сардори ШМЗГММ-и ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҳангоми гирифтани боқимонда 2000 сомонӣ пора дасгир карда шудаааст.

Дар паи ошкоршавии ин ҳолат, нисбати Р. Турахонов бо моддаи 319 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ожонсии мубориза бо фасод дар Суғд чанд мавриди ошкоршавии рухдоди ҷиноятҳои коррупсионӣ бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро шарҳ дода гуфт, ки дар ин давра аз ҳисоби кормандони Вазорати корҳои дохила дар Суғд 6 ҷиноят, аз ҳисоби кормандони вазорати адлия дар Суғд 6 ва дар байни кормандони вазорати мудофиа дар Суғд 4 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.