Чангу ғубор: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш шуда, чангу ғубор ба амал меояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо  суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 18+23  дараҷа  гарм мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Ҳаво дар вилояти Суғд  камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва   рӯзона    22+27  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 34+39  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 29+34  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи   бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб  бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Дар  баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 16+21  ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш  шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 35+37  дараҷа гарм мешавад.