ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар фарҷоми Форуми байналмилалии сайёҳии "Тоҷикистон-2019", ки давоми ду рӯз дар шаҳри Душанбе ҷараён дошт, бештар аз 40 санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ба имзо расиданд.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" бо такя ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, ин созишномаҳоро асосан ниҳодҳои марбутаи сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти дахлдори кишварҳои алоҳида ва ширкатҳои ҷаҳонгардии хориҷӣ имзо намуданд.
"Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Анталия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии сайёҳии саргузаштӣ ва тиҷоратӣ (ATTA) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Нейшинал Ҷиографии (Британияи Кабир) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ.
Ҳамчунин Ёддошт миёни Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Академияи байналмилалии тиҷоратии сайёҳии Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Академияи байналмилалии тиҷоратии сайёҳии Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Русия аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои ба имзорасида мебошанд", — илова намуд манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки маҷмӯи ҳуҷҷатҳои имзошуда паҳлуҳои гуногуни бахши сайёҳиро фаро гирифта, доираи ҳамкории байналмилалиро васеъ мегардонанд.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки ин гуна форумҳо табодули таҷрибаро дар бахши сайёҳӣ бештар намуда, ҳамзамон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ месозанд. Доираи ҳамкориро бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои марбутаи байналмилалӣ тавсеа мебахшанд. Ҳамин аст, ки Форуми навбатӣ ҳам барои ба имзо расидани ҳуҷҷатҳои зиёди ҳамкорӣ шароит фароҳам овард. Умед аст, ки созишномаҳои мазкур робитаҳои хориҷиро дар бахши сайёҳӣ ба сатҳи сифатан хоҳад баровард.