Кумакхоҳии модар барои пайдо кардани се кӯдаки бедаракшудааш дар Душанбе-акс

Модари се кӯдак аз сокинони Душанбе барои пайдо намудани се фарзанди хурдсолаш кумак талаб намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Душанбе аз як оила ба якборагӣ се кӯдаки хурдсол гум шуданд, хабар додааст радиои  "Ватан" дар саҳифаи фейсбукиаш.

Бар хабари манбаъ, як оила аз кӯчаи Хоруғи шаҳри Душанбе 4 рӯз боз се фарзанди гумшудаашро меҷӯяд.

Манбаъ менависад, Сӯҳроб Мирзоев, ки 11 сол дорад, рӯзи 5- уми августи соли равон ҳамроҳи додаронаш Рустами 8- сола ва Худойдоди 4 - сола аз хона баромада, дигар бедарак шудаанд.

Ҳаракати дуруст ва саривақтии хоҳар додарро аз марг наҷот дод – навор

Ба гуфтаи модарашон Сарагул Сироҷова, онҳоро гуё касе бори охир рӯзи 8 август дар наздикии чойхонаи Роҳат дидааст.

Зимнан аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи куҷо будани ин се кӯдак маълумоте доранд, хоҳиш мешавад, ки бо ин рақамҳо бо падару модари онҳо тамос бигиранд.

98 756 25 27     91 535 40 24