Шарҳи вазъи саломатии 2 милисаи тирхӯрдаи тоҷик дар марз бо Қирғизистон

Вазъи саломатии Абдурасул Шомирсаидзода ва Фирдавс Тошхуҷаев, ду корманди милиса, ки шоми 22-уми июл, дар паи муноқишаи марзӣ дар қисмати Ворухи Исфара ва Оқсойи Қирғизистон тир хӯрда буданд, беҳтар шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Мурод Дадаҷонзода, сартабиби шӯъбаи тиббии РВКД Суғд дар нишасти хабарӣ вазъи саломатии ин ду корманди милисаро шарҳ дода, афзуд, ки бо гузашти ҳудуди бист рӯз, ҷарроҳии захмҳои ин ду корманди милиса пурра ба охир расида, саломатиашон хуб шудааст.

Вазир гуфт, кӣ мехоҳад вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ноором кунад

Мурод Дадаҷонзода гуфт, Шомирсаидзода ва Тошхуҷаев, ҳоло таҳти муолиҷаи духтурон қарор доранд ва баъди чанд рӯзи дигари табобат, ин ду корманди милиса метавонанд ба кори худ идома диҳанд.

Абдурасул Шомирсаидзода, сардори шуъбаи иттилотии РВК дар Суғд ва Фирдавс Тошхуҷаев, корманди ШВКД Исфара 2, дар паи муноқишаи рӯзи 22-уми июл дар сарҳади миёни Ворухи Исфара ва Оқсойи Қирғизистон аз тири силоҳи шикорӣ ҷароҳат бардошта буданд.

Муноқишаи рӯзи 22-уми июл дар марз дар ҳоле сар зад, ки сокинони Ворух машғули парчамовезӣ дар ҳудуди ин ҷамоат буданд, вале ғайриинтизор қирғизҳо садди кори онҳо шуданд, ки дар натиҷа кор ба сангзаниву тиркушоӣ печид.

Сокинони наздимарзии Тоҷикистон хатнасурро дар Қирғизистон барпо кардаанд

Дар пайи ин таниши марзӣ 17 нафар сокинон ба ҳисоби ду корманди милиса Абдурасул Шомирсаидзода ва Фирдавс Тошхуҷаев маҷруҳ шуда, Абдуҷалол Қароев, собиқ омӯзгори фанни математика ва ҷонишини мудири мактаби № 23 дар ҷамоати Ворух кушта шуд.

Бино ба иттилои расмӣ дар ин муноқиша ҳудуди 17 нафар аз сокинони Қирғизистон ба ҳисоби 5 корманди милиса ҷароҳат бардоштаанд.

Масъулини РВКД дар Суғд зимни нишасти хабарии рӯзи 7-уми август вазъи марз бо Қирғизистонро ором арзёбӣ карданд.