Озмуни 930 000 доллараи БАТР барои азнавсозии хати оби Хоруғ

Бонки Таҷдид ва Рушди Урупо барои азнавсозии хати об ва ташноби шаҳри Хоруғ паймонкор меҷӯяд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бонки Таҷдид ва Рушди Урупо ба мақомоти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон хабар дода, ки маблағгузорӣ барои азнавсозии хати об ва ташноби шаҳри Хоруғ шурӯъ гардид.

Дар ин бора сухангӯи раиси вилоят, Ғолиб Ниятбеков хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ба ин хотир, барои ду тендер бо маблағи 930 000 долар озмун эълон шудааст.

"Дар рӯзҳои наздик боз озмуни мазкур барои се тендери нав баргузор мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Аз Ҳинд то Чин: дар Хоруғ Форуми байналмилалии "Помиринвест - 2019" баргузор шуд

Бино ба гузориши манбаъ, шартномаи ҳамкорӣ оид ба тоза ва коркарди партовҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, пас аз анҷоми таътили вакилон ҷиҳати таҳлилу баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон манзур мегардад.

Ёдовар мешавем, ки  Бонки Таҷдид ва Рушди Урупо барои барқароркунии хати обу ташноб ва коркарди партовҳои сахт 8 миллион евро ҷудо намуда буд, ки 4 миллион еврои он ба тариқи грант ҷудо гардида буд.

Пойгоҳи обу ташноби шаҳри Хоруғ солҳои 60 – и асри гузашта барои 7 ҳазор аҳолии он давра бо иқтидори 630 метри кубӣ бунёд гардида буд.

Имрӯз аҳолии шаҳр беш аз 31 ҳазор нафарро ташкил дода, қариб 5 маротиба афзоиш ёфтааст, ки талаботи пойгоҳи ташноб ба 2,5 ҳазор метрии кубӣ баробар шудааст ва аксарияти хатҳои обу коррезӣ дар ҳолати фарсудашавӣ карор гирифтаанд.

Дар назар аст, ки барои азнавсозии хати обу коррезӣ 4 миллион евро ба кор бурда шавад. 

Тарҳи дигар, ин идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ аст, ки ҳазинаи сохтмони он 4 миллион евро гуфта шудааст, ки аз ин 2 миллиони он ҳамчун қарзи бонкӣ мебошад.

Дар асосии амалисозии ин лоиҳа тамоми нуқтаҳои партови шаҳри Хоруғ аз навсози ва бо қутиҳои ахлопарто таъмин хоҳанд шуд.

Илова бар ин, дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур тасмим аст, ки зиёда аз 11 адад техникаи махсуси комуналӣ барои интиқоли партов таъмин гардида, бунёди мошинсарой ва бозсозии бинои хоҷагии манзили камуналии шаҳр низ дар назар дошта шудааст.