Мақомоти Суғд барои ҷамъоварии пахта Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дод

Бо қарори раиси вилояти Суғд Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ахиран қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он дар вилоят барои сари вақт вамъ намудани ҳосили пахта ситоди вилоятӣ таъсис дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд.

Дар Тоҷикистон ҳамоно 75 фисади пахта берун аз кишвар коркард мешавад

“Бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, ҳамоҳангсозии фаъолияти идора, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳалли масъалаҳои маъракаи пахтачинӣ дар вилоят Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” таъсис дода мешавад”, таъкид намудааст манбаъ.

Ситоди махсус дар Хуҷанд барои сари вақт ҷамъоварӣ намудани пахта

Тибқи қарори мазкур ҳайати Ситоди вилоятии “Ҳосил-2019” тасдиқ гардида, раисони ноҳияҳои пахтакор вазифадор гардидаанд, ки барои ғунучини беталафи ҳосил тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Муовини сравазир барои огаҳӣ аз вазъи кишти пахта ба Суғд сафар кард

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки миёни ноҳияҳои пахтакор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ мусобиқаҳои меҳнатӣ ташкил хоҳад шуд.

“Ҷамъбасти мусобиқаҳои меҳнатии давраи аввали маъракаи пахтачинӣ 1 октябр сурат гирифта, давраҳои минбаъдаи он ҳар 20 рӯза ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят Парчами шараф барафрохта мешавад”, - зикр намуд дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.