ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Овозхони машҳур, Наргиз дар саҳифаи Instagram - и худ хабар додааст, ки маркази продюсерии Максим Фадеев ба ӯ номаи расмӣ равон карда ва талаб дорад, созишномаи ҳамкориро барҳам диҳад.
Аз ин ва баъд Наргис ҳуқуқ надорад, маводҳои омодакардаи маркази продюсерии MALFA - ро иҷро кунад. Ҳамчунин ширкат баргузории сафари ҳунарии сароянда, ки бояд моҳи август сурат гирад, даст кашидааст.
Дар ин росто, ҳунарнамоии Наргиз дар Юрмала, Красногорск ва Чайковский зери суол мемонад.
Овозхон ҳамчунин гила кардааст, ки моҳи май низ ба айби ширкати MALFA сафари ҳунарии ӯ ба Амрико, боз дошта шуд.
"Ман албатта бо шумо дидор мекунам. Ва чун пештар мо хушию хурсандӣ мекунем. Вале таҳти дигар мусиқӣ, мусиқии ман! Ман шуморо бисёр дӯст медорам. То дидор!", - навиштааст Наргиз.
Ёдовар мешавем, ки Наргиз дар хонаводаи мусиқачиёни машҳур дар Узбакистон ба дунё омадааст.
Нахустин бор ӯ дар синни чорсалагӣ рӯи саҳна баромадааст.
Соли 2013 ба даври ниҳоии тарҳи телевизионии "Голос" роҳ ёфта, аз моҳи апрели соли 2014 бо продюсери номӣ Максим Фадеев ҳамкорӣ кардааст.
1 сентябри соли 2016 рӯнамоии намоҳанг ва суруди муштараки Наргиз ва Максим Фадеев зери унвони "Вдвоём" баргузор шуд.
Ин суруд, дар албоми Наргиз "Шум сердце" (Садои қалб) панҷумин суруд мебошад.