Додгоҳ Отамбоевро то 26 август ҳабс кард

Алмосбек Отамбоев, собиқ раисҷумҳури Қирғизистон ба вайрон кардани моддаи 319 “Коррупсия” КҶ Қирғизистон гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Алмосбек Отамбоев, собиқ раисҷумҳури Қирғизистон бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Первомайи шаҳри Бишкек то 26 августи соли ҷорӣ ба маҳбасхонаи Кумитаи амнияти миллӣ равона карда шуд, иттилоъ додааст ба Sputnik Қирғизистон вакили ӯ Сергей Слесарев.

Алмосбек Отамбоев боздошт шуд

Шарти Отамбоев ва ваъдаи генерал – видеои музокироту таслимшавӣ

Вазорати умури дохилаи хабар додааст, ки собиқ раисҷумҳурро ба вайрон кардани моддаи 319 “Коррупсия” КҶ Қирғизистон гумонбар дониста мешавад.

Жээнбеков гуфт: Отамбоев дигар на ҳамчун шоҳид, балки гумонбар аст

Расонаҳои хабарӣ иттилоъ медиҳанд, ки Алмосбек Отамбоев ба ғайриқонунӣ озод кардани ҷинояткор "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар дониста мешавад.

Ёдрас мешавем, ки Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, рӯзи 8-уми август зимни амалиёти нерӯҳои амниятиву пулис, боздошт шуд.

Отамбоев иқрор шуд, ки оташро на ҷонибдоронаш, балки худи ӯ кушод

Амалиёти боздошти Отамбоев ду рӯз идома ёфт. Дар ҷараёни он як афсари амниятӣ кушта ва беш аз 80 нафар захмӣ гардиданд.