Раҳмон барои мансабдорон санҷишу баҳогузорӣ таъин кард: киҳо озоданд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармон додааст, ки ҳар моҳи декабр натиҷаи кори ҳар мансабдори давлатӣ баҳогузорӣ шаваду дар мавриди таъиноти минбаъдааш тасмимгирӣ сурат бигирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармони нав тартиби баҳогузории фаъолияти хизматчиёни давлатиро дар кишвар тасдиқ карда, роҳбарони ниҳодҳои давлатиро барои анҷом додани ин санҷиш муваззаф намудааст.

Президент медонад: кӣ сармоягузоронро “грузит” мекунаду мегурезонад?

Бар асоси тартиби тасдиқкардаи раисиҷумҳур, ходимони давлатии сиёсӣ, мансабдорони категорияи олӣ, хизматчиёни давлатии собиқаи корияшон камтар аз шаш моҳ ва хизматчиёне, ки синнашон ба ҳадди ниҳоии хизмати давлатӣ расидааст, аз санҷишу баҳогузории фаъолият озод мебошанд.

Бо дастури раисиҷумҳур натиҷаҳои фаъолияти яксолаи ҳар хизматчии давлатӣ тариқи мусоҳиба анҷом дода мешавад.

Ҳадаф аз ин иқдом таъмини иҷрои пурсамари вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, ҳавасмандсозии ходимоне, ки фаъолияту натиҷаҳои хуб доштаанду чораандешӣ алайҳи онҳое, ки нишондодҳои манфӣ гирифтаанд.

Эълони санаи санҷиши сартосарӣ ва ишораи Раҳмон ба сирри оилаҳои мансабдорони серпул

Мансабдорони дорои натиҷаҳои манфӣ метавонанд ба омӯзишҳои такмили касбӣ ва малакаи хизматчии давлатӣ фаро гирифта шаванд.

Бар асоси тартиби қабулшуда шаффофияти фаъолияти хизматчии давлатӣ баҳогузорӣ шуда, вобаста ба малака, маҳорат ва донишу ихтисос барои корманд пешрафти корӣ фароҳам мешавад.

Масъули баҳогузории фаъолияти хизматчиёни давлатӣ роҳбарони бевоситаи ниҳодашон таъин шудаанд.