Муттаҳам дар қасди таркондани тоҷири тоҷик дар Магнитогорск боздошт шуд

Раёсати тафтишотии вилояти Челябинск аз боздошти муттаҳам дар сӯиқасд ба куштори муҳоҷири 34-солаи тоҷик дар шаҳри Магнитогорск хабар додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Кормандони мақомоти амнияти федералӣ, умури дохилӣ ва Росгвардия дар пайи як амалиёт сокини маҳаллиро ба иттиҳоми қасди куштори муҳоҷири 34-сола аз Тоҷикистон боздошт кардаанд, хабар додаанд расонаҳои минтақа аз қавли раёсати тафтишотӣ.

Боздошти ҷавони 20-сола дар Ҳисор бо иттиҳоми қасди қатли ҳамшаҳраш

Ба иттилои манбаъ, муфаттишон ин сӯиқасдро ба фаъолияти тиҷории зодаи Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Рӯзи 7 август хабар дода шуд, ки дар пайи таркиш дар шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск як шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шудааст ва феълан дар беморхонаи рақами 3-и шаҳрӣ бистарӣ мебошад.

Манбаъ хабар дод, таркиш замоне рух додааст, ки муҳоҷири тоҷик дари мошинашро кушодааст. Бар асоси иттилои расонаҳои маҳаллӣ дар ҷои ҳодиса дастгоҳи махсуси тарканда фаъол шудааст.

Ҷабрдида бо осеби пойҳо дар беморхона бистарӣ гардида, табибон вазъашро миёнаи вазнин арзёбӣ кардаанд.

Мақомоти маҳаллӣ ба расонаҳо иттилоъ додаанд, ки дар ҷои ҳодиса муфаттишон кор мекунанд ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.