ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Бар хабари Вазорати тандурустии вилояти Рязанск, шаҳрванди 38- солаи тоҷик, ки дар ин садама сахт ҷароҳат бардошта буд аз беморхонаи маҳалии Шатский тавассути нақлиёти санитарӣ ба бемористони вилоятӣ интиқол дода шуд.
Қайд карда мешавад, ки бемор осеби магзи сар бардошта, чанд ҷойи баданаш низ шикастааст. Табибон вазъияти ин ҷароҳатбардоштаро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Аз 14 то 45- сола: нашри руйхати қурбониёни садамаи Рязан
Зимнан гуфта мешавад, ки ду ҷароҳатбардоштаи дигар шаҳрвандони 81 ва 35- солаи Тоҷикистон алъон дар муассисаҳои табобатии Шатский ва Сасова қарор доранд ва аллакай як амалиёти ҷарроҳиро паси сар намуданд. Табибон вазъи солимии онҳоро мӯътадил арзёбӣ кардаанд.
БДА Русия марги танҳо шаш шаҳрванди Тоҷикистонро таъид кард
Қаблан хабар дода шуд, ки дар 404- ум километри шоҳроҳи М-5 "Урал" микроавтобус ба автомашинаи дигар бархӯрдаст, ки дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон, ки хурдтаринашон навраси 14- сола буд, ҷони худро аз даст дода, ҳамчунин 8 нафари дигар бо бадоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.
Навори садамаи пурқурбонӣ дар Рязан, ки ҷони 6 тоҷикистониро гирифт: Видео
Зимнан Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки феълан барои интиқол додани ҷасади шаҳрвандони ҳалокшудаи тоҷик ба ватан чораҷуйи доранд.