ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Дар гузориши ахире, ки СММ омода намудааст, гуфта мешавад, ки сар аз соли 2012 то ба имрӯз ба сафи созмони террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ) наздики яку ним ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон шомил шуданд.
Зимнан дар гузориш омадааст, ки танҳо дар як соли қаблӣ дар ҳудуди шимолу-шарқи Сурия дасти кам ду ҳазор шаҳрвандон аз кишварҳои ИДМ дастгир гардидаанд.
Бозгашти хонаводаи тоҷикистонии узви ДОИШ аз Афғоинстон
"Аз аввали соли 2019, 524 нафари онҳо - қариб ҳама занону кӯдакон - ба Қазоқистон, 156 ба Ӯзбекистон ва 84 нафар ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Аммо ҳамоно вуруди ҷангиёни террорист аз Осиёи Марказӣ ба Сурия ва Афғонистон қатъ намешавад",- гуфта мешавад дар гузориш
Боздошти масъули “ДОИШ” бо либоси занона, ки дигаронро ба эъдом ҳукм мекард
Гузашта аз ин гузоришгарони СММ мегӯянд, ки чанде қабл дар Осиё Марказӣ аз ҷониби хадамоти амният 26 нафар аъзоёни ин гурӯҳ дастгир шуданд, ки аксарияти онҳо аз макони даргир дар Сурия ва Ироқ ба ватан баргардонида шуданд.
Раҳмон дар Рашт: ҳамаи гумроҳшудагон аз хориҷа баргардонда шаванд
Тибқи иттилои СММ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, маводҳои таблиғотии террористҳо бо забонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ паҳн карда мешаванд, ки ба ҷалб ва мағзшуйии сокинони ин манотиқ кӯмак мерасонад.