Дар иди Ал- Адҳа ва ё Иди Қурбон мусалмонон ба хотири анҷоми ҳаҷ қурбонӣ мекунанд.
Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар соли 2019
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Соли равон Иди Қурбонро рӯзи 11-уми август ҷашн мегиранд ва то 4 рӯз яъне 15 август тӯл мекашад.
Аксари кишварҳо санаи ҷашни Иди Қурбонро аз руйи рӯзе, ки Додгоҳи олии Арабистони Саудӣ муқаррар мекунад, қайд мекунанд.
Дар Тоҷикистон бошад санаи мушаххаси ҷашни Иди Қурбон аз қарори Шӯрои уламо вобаста аст.
Таърихи Иди Қурбон
Ин ҷашн аз анҷоми маросими ҳаҷ дарак дода ва дар рӯзи 10 - уми моҳи зулҳиҷҷа ба хотири қурбонии пайғамбар Иброҳим қайд карда мешавад. Худи калимаи Иди Қурбон арабӣ буда, маънои “ҷашни қурбони”-ро дорад.
Мувофиқи китоби муқаддаси Қуръон, фаришта Ҷабраил дар хоби Иброҳим - пайғамбар зоҳир шудааст ва ба ӯ фармудаст, ки писари худ Исмоилро қурбонӣ кунад.
Иброҳим дасти фарзандашро гирифт ва аз Макка ба сӯи задгоҳ дар сарзамини Мино ҳаракат мекунад. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад.
Иброҳим вақте талошҳои шайтонро дар бероҳ намудани фарзандаш дид, ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯи шайтон партофт. Шайтон навмедона ба ақиб баргашт.
Падару писар чун ба забҳгоҳ расиданд, Иброҳим барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин ба рӯй хобонд ва ҳарду таслими амри Ҳақ гаштанд.
Ва ҳамин ки Иброҳим корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид, ки: "Эй Иброҳим, ту хоби худро ба амал баровардӣ!" ва гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷои Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: "Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин набуд, магар озмоиши ошкоре … ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем".
Мафҳум ва маънои Иди Қурбон
Дарсе, ки ҳақ Таоло ба Иброҳи пайғамбар омӯзонд, ин аст, ки барои наздик шудан ба Худованд барои одам шарт нест, ки ҷони инсонро қурбон кунад. Муҳим ин аст, ки дар худ қувваеро пайдо кунад, то аз ҳар гуна бадӣ,- дурӯғгуйӣ, тамаъҷуйӣ, зино ва ғайра дурӣ ҷӯяд ва дар ҳаёт то ҳадди имкон корҳои хуберо аз қабили намоз хондан, рӯза гирифтан, хайру сахо намудан ва дасти мӯҳтоҷу нотавонҳоро гирифтан, анҷом диҳад.
Имрӯз ҳам, чун дар замони Иброҳим пайғамбар, барои мусалмонон муҳим аст, аз тамаъкорӣ, худписандиву дурӯғгуйӣ, хиёнат ва ваъда хилофӣ ва дигар хислатҳои бади инсонӣ дар канор бошанд.
Қурбонӣ кардан дар ин рӯз ба маънои он аст, ки аз Худованд бахшидани гуноҳҳои худро одам илтиҷо мекунад.
Анъанаҳои ҷашн гирифтани Иди Қурбон
Маъмулан, аксар мусалмонон як рӯз қабл аз Иди Қурбонӣ рӯза мегиранд. Ин рӯзро Арафот ном мебаранд ва он ҳамчун нуқтаи меҳварии маросими ҳаҷ ба ҳисоб меравад. Дар рӯзи Иди Қурбон зоирин аз болои кӯҳи Арафот ба таври рамзӣ ба поён сангчаҳоро ҳаво медиҳанд, ба маънои он ки гуё шайтонро сангсор мекунад.
Иди Қурбон субҳи барвақт оғоз ёфта ҳамаи мусалмонон бояд анъанаҳои ҷашн гирифтани ин идро риоя намоянд:
Намоз хондан. Субҳи барвақт мардҳои мусалмон наҳорӣ накарда, либоси идонаро ба бар мекунанд ва роҳи масҷидро пеш мегиранд. Дар масҷид пас аз адои намози идона хутба хонда мешавад.
Қурбонӣ кардан. Дар қаламрави масҷид ё дар макони махсус барои забҳи чорво аввал мулло ва ё имом-хатиб хутба мехонад. Гӯшти барраи қурбонӣ ба оилаҳои ниёзманд тақсим карда мешавад, аммо пӯсти ҳайвон набояд партофта шавад. Шутур ва чорвои калони шохдор барои ҳафт нафар қурбонӣ мешавадва чорвои хурд танҳо барои як кас забҳ карда мешавад.
Дастархони идона оростан. Дар ин рӯз ҳар як оила дастархони идона ороста мекунад. Соҳибони хона дар баробари тайёр намудани чандин хӯрок аз гушт, инчунин болои дастархон барои меҳмонон ва ҳамсояҳои худ шириниҳо мегузоранд.
Тӯҳфа кардан. Зимнан дар ин рӯз барои дӯстон ва пайвандон тӯҳфаҳо тайёр мекунанд. дар рӯзи аавали ид барои ҳамсояҳо ва кӯдакон ширинӣ тақсим мекунанд. Дар рӯзи дуюми ид бошад ба хонаи хешу ҳамсояҳо ба меҳмонӣ мераванд.
Дар Иди Қурбон ба кадом амалҳо даст задан мумкин нест
Дар ин рӯз истеъмоли машрубот комилан манъ аст.
Барои нафаре, ки қурбонӣ мекунад давоми даҳ рӯзи моҳи Зулҳиҷҷа ва то анҷоми маросимӣ қурбонӣ паст намудани муйи сар ва гирифтани нохун мумкин нест.
Қурбонӣ
Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ (хонагӣ) барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.
Агар гов ё шутуреро аз ду то ҳафт нафар бо ҳам шарик шуда, қурбонӣ кунанд, ҷоиз аст. Аммо беҳтар он аст, ки пеш аз харидан нияти шарик шудан кунанд. Нияти касоне, ки бо ҳам шарик шуда қурбонӣ мекунанд, бояд ризои Худои таъоло бошад.
Агар яке аз шарикон ба хотири гӯшт хӯрдан шарик шавад ва нияташ қурбонӣ набошад, ё яке аз шарикон мусулмон набошад ва дигарон дониста ӯро шарики худ интихоб намуданд, қурбонии ҳама ҷоиз намешавад.
Гӯшти қурбониеро, ки чанд нафар якҷоя шариканд, бояд одилона ва бо тарозу тақсим намоянд, зеро тахминӣ тақсим намудан ҷоиз нест. Инчунин калла, поча, дил, ҷигар ва пӯсти он ҳайвонро низ бояд тақсим намоянд. Ҳайвони қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Синни буз ва гӯсфанд на камтар аз як сол бошад, аммо барраи шашмоҳа ба шарте, ки бинанда аз яксола фарқаш накунад ва ҷуссаи қавӣ дошта бошад, ҷоиз аст.
Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.
Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.