Вакили парлумон: Отамбоев боздошт нашудааст, ӯ худро дифоъ мекунад - видео

Амалиёти боздошти Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон шоми чоршанбеи 7-уми август оғоз шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ирина Карамушкина, вакили парлумони Қирғизистон хабари расонаҳои давлатӣ дар бораи боздошти Отамбоевро рад карда, изҳор дошт, ки собиқ раисиҷумҳур дар манзилаш дар Кой-Тош дар ҳоли дифоъ аз худ қарор дорад. 

Дастаи таъиноти махсуси мақомоти амнияти миллӣ амалиёт барои боздошти Алмосбек Отамбоев, собиқ раисиҷумҳури Қирғизистонро шоми чоршанбе оғоз кард, хабар додааст Sputnik Қирғизистон. Бар асоси видеои нашршуда аз ҷои ҳодиса, Отамбоев замони оғози амалиёт дар манзили зисташ дар Кой-Тош қарор доштааст ва вақте ҳамлаи гуруҳи таъиноти махсус оғоз мешавад, ҷонибдоронаш ӯро бо худ мебаранд.

                                                        

Манбаъ афзуд, ки дар пайи амалиёт ҳадди ақал 10 нафар аз ҷонибдорони Отамбоев маҷруҳ шуда, феълан дар ҷои ҳодиса якчанд мошини ёрии таъҷилӣ навбатдорӣ мекунанд.

Хабар дода шуд, ки дар назди хонаи Отамбоев беш аз 300 ҷонибдораш ҷамъ омада, талош доранд, ки монеаҳо бисозанд.

Феълан ҳамаи роҳҳо сӯи бошишгоҳи Отамбоев дар Кой-Тош баста мебошанд.