ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Шумори ҷангҷӯёни пинҳонии ДОИШ дар Сурия ва Ироқ метавонад 18 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, гуфта шудааст дар гузориши нозири кулли Вазорати дифои Амрико Гленн Файн доир ба ҷараёни амалиёти “Иродаи қавӣ”.
“Масъулини амалиёт дар асоси иттилоъ аз сарчашмаҳои озод хабар доданд, ки шумори ҷангҷӯёни ДОИШ дар Ироқ ва Сурия аз 14 то 18 ҳазор нафар, аз ҷумла бо назардошти се ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ боқӣ мондааст”, -гуфта шудааст дар гузориш.
Шӯрои амнияти Русия: дар сафи гурӯҳи ДОИШ шаҳрвандони Тоҷикистон зиёд аст
Инчунин дар гузориш таъкид шудааст, ки омори муассаҳои гуногун ва мутахассисон дар ин бора дигаргун мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки ҳафтаи гузашта намояндаи вижаи Амрико доир ба Сурия Ҷеймс Ҷефри хабар дода буд, ки дар Сурия ва Ироқ наздик ба 15 ҳазор ҷангҷӯёни ДОИШ боқӣ мондааст.
Замир Кабулов: Ҷангҷӯёни ДОИШ мехоҳанд Осиёи Марказиро ноором созанд
Амрико ҳамроҳ бо шариконаш аз соли 2014 то имрӯз дар Ироқу Сурия бар зидди ДОИШ амалиёт мегузаронанд, аз ҷумла дар Сурия амалиёти онҳо бидуни иҷоҳзаи расмии давлати ин кишвар сурат мегирад.