Теъдоди маҷрӯҳ дар натиҷаи ҳамла ба хонаи Отамбоев меафзояд: тафсилоти амалиёти хос

Ҳамла ба резиденсияи президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев шоми рӯзи чоршанбе оғоз ёфт.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Воҳидҳои таъиноти махсус Алмосбек Отамбоевро дастгир карда, аз хонааш баромада наметавонанд, чунки тарафдорони президенти собиқ аз хориҷ шудани онҳо монеъ кардаанд, хабар дод Sputnik Қирғизистон.

Ҳамла ба хонаи Отамбоев шаби рӯзи чоршанбе оғоз ёфт.

Вакили парлумон: Отамбоев боздошт нашудааст, ӯ худро дифоъ мекунад - видео

Ба гуфтаи расонаҳо, дар вақти ҳамла Отамбоев дар хонааш буд. Ҳангоми омадани дастаи таъиноти махсус пеши хона, нигоҳбонон президенти собиқро бурданд.

Беш аз 10 нафар дар натиҷаи амалиёт маҷрӯҳ шудаанд. Хабар аст, ки дар ҷои ҳодиса якчанд мошини ёрии таъҷилӣ омаданд.

Гуфта мешавад, ки назди хонаи Отамбоев тақрибан 300 ҳаводораш ҷамъ шудаанд, онҳо талош менамоянд шинакҳои кӯчагиро созанд.