Насиҳати Раҳмон ба кормандони меҳмонхонаи “Чилчанор” ва ваъдаи соҳибкор Каримов

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар маркази ноҳияи Ховалинг меҳмонхонаи “Чилчанор”-ро, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов бунёд шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони меҳмонхонаи дуошёна моҳи марти соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтааст.

Зувайдзода замони оғозу анҷоми сохтмони 9 меҳмонхонаи нав дар Душанберо гуфт

Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити меҳмонхона ба сифати корҳо баҳои баланд дода, таъкид намудааст, ки бунёди чунин меҳмонхонаҳо боиси боз ҳам рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мегардад.

Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дод, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхонаи “Чилчанор” дар маркази ноҳияи Ховалинг 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Роҳбари давлат зимни суҳбат бо кормандону масъулони меҳмонхона таъкид намудаст, ки бояд бо мизоҷон хушмуомила бошанд ва одоби меҳмондории тоҷиконаро ба сайёҳони дохиливу хориҷие, ки барои сайёҳат ба ин инҷо ташриф меоранд, муаррифӣ созанд.

Соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов инчунин иқдом гирифт, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шафати ҳамин меҳмонхона як бинои иловагии 5-ошёна бо 100 ҷойи хоб бунёд менамояд.