Имрӯз ҳарорати ҳаво дар пойтахти кишвар ба 42 дараҷа мерасад

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ намуда, эълон намудааст, ки ҳарорат аз 32 то 45 дараҷаро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳавои гарм дар ҷумҳурӣ то 8 август боқӣ хоҳад монд.

Тавре манбаъ хабар додааст, дар шаҳри Душанбе ҳавои камабру бебориш дар назар аст. Гармии ҳаво шабона ба 18+20 ва  рӯзона ба 40+42  дараҷа мерасад.

КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво  дар водиҳо шабона 17+22  ва рӯзона 40+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш шуда, ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 39+45  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ гармии ҳаво шабона ба 9+14 ва   рӯзона    ба 27+36  дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш шуда, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 19+24  дараҷа  гарм мешавад.