ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Бар хабари сомонаи "Фараж", имрӯз ҳунарманди маъруф Афзалшоҳи Шодӣ дар шаҳри Хуҷанд консерти ваъдагиро баргузор мекунад.
Ин сароянда бояд чанд моҳи пеш дар ин шаҳр консерт баргузор мекард, аммо бо сабаби беморӣ ва табобат дар берун аз кишвар, натавонист.
Шитоби мухлисони самарқандии Афзалшоҳ ба дидорбиниву таронаи нави овозхон - Видео
Манбаъ аз қавли хабарнигори "Ҳақиқати Суғд" менависад, ки ин сароянда 7-8-уми августи соли равон, соати 17:30, дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ консерт дорад ва ин аввалин консерти Афзалшоҳи Шодӣ баъд аз беморӣ ва табобат дар Олмон аст.
"Айни ҳол табобати ман ба пуррагӣ анҷом наёфтааст ва 17-уми август бояд барои ҷарроҳии навбатӣ дубора ба Олмон равам. Аз он, ки ба мардуми Хуҷанд ваъдаи қатъӣ дода будам, консертро баргузор хоҳам кард. Табибон иҷозати суруд хонданро доданд, аммо зиёд на. Ин аст, ки барномаи мо фақат дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, дар шаҳрҳои дигар баъд аз итмоми табобат ҳунарнамоӣ хоҳем кард",- омадааст дар хабари манбаъ аз қавли ин сароянда.
Гуфта мешавад, Афзалшоҳи Шодӣ аз он мутаассиф аст, ки консерти хешро дар шаҳри Хуҷанд бинобар беморӣ дар вақташ баргузор кардан натавонист.
Тӯли беш аз 70 рӯзе, ки дар Олмон бо табобат машғул будам, ҳамеша Тоҷикистонро ёд ва муҳаббати мардумро эҳсос мекардам, изҳор доштааст Афзалшоҳи Шодӣ.